Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 300 афсари афғон дар як моҳи гузашта


Моҳи гузашта наздик ба 300 афсари полиси маҳаллӣ ва давлатии Афғонистон ба қатл расидаанд.

Рӯзи душанбе Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ҳамчунон аз 10-уми май то 13-уми июн 618 афсар маҷрӯҳ шудаанд. Сиддиқӣ меафзояд, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумораи маҷрӯҳон 20 дар сад афзоиш ёфтааст.

Ба қавли Сиддиқӣ сабаби афзоиши маҷрӯҳон бомбгузории Толибон дар канори роҳҳо мебошад, ки дар давраи тақдими масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи афғон ба вуқӯъ пайвастааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон илова мекунад, ки дар ҳамин давра 753 ҷангҷӯй ба ҳалокат расида, 300 нафари дигар дастгир шудаанд.

Бар илова дар давра ҳамчунон 180 фарди мулкӣ ҳам кушта шудаанд.

Рӯзи душанбе бар асари бархӯрд бо мина раиси полиси як ноҳияи вилояти шимолии Бағлон ва се ҳамроҳи ӯ ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG