Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 1-уми июл, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард.

Ба иттилои Федеросиюни футболи Тоҷикистон мунтахаби наврасони кишвар бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то 7-уми июл тамрин мекунанд. Дар ҷараёни ин ҷамъомад се бозии санҷишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё (U-16) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Кувайт, Ҳиндустон, Лубнон ва Бутан рақобат хоҳад кард.


Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 22 футболбоз, аз он ҷумла, 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):
дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Норак»); ҳимоятгарон - Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – РШВСМ), Муҳаммадҷон Ҳасан, Абубакр Азимов (ҳарду - «Равшан»), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Шоҳрух Қобилбеков («Пахтакор», Ҷаббор Расулов), нимҳимоятгарон - Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду - «Вахш»), Муҳаммад Шарифов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду - РШВСМ), Сироҷиддин Гулмамадов («Норак»), Олим Назруллоев («Панҷшер»), Абдуҳаким Саидзода («Регар-ТадАЗ»), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), ҳамлагарон - Ҳаким Ҳасанов, Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (ҳама - РШВСМ), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»), Ҷамолиддин Акузиев («Регар-ТадАЗ»).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG