Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Миср ҷунбиши мухолифин "Тамарруд", ки намоишҳои эътирозӣ алайҳи раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро раҳбарӣ мекунад, аз сарвари давлат талаб кард то рӯзи сешанбе ба истеъфо равад. Ин ниҳод изҳор намуд, ки агар Мурсӣ ба истеъфо наравад ва шароитро барои баргузории интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ муҳайё насозад, бо маъракаи густурдаи нофармонии мардум рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Намояндагони “Тамарруд” хабар доданд, ки онҳо беш аз 22 миллион имзои шаҳрвандон бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Мурсиро ҷамъ овардаанд.

Рӯзи якшанбе бар асари бархӯрди эътирозгарон ва полис дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Намоишҳои эътирозии рӯзи 30 июн, дар нахустин солгарди раҳбарии Миср интихоб шудани Муҳаммад Мурсӣ, пуриздиҳомтарин дар таърихи кишвар унвон шудаанд.

Муҳаммад Мурсӣ, ки намояндаи ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” маҳсуб мешавад, моҳи майи соли гузашта дар нахустин интихоботи демократӣ дар Миср пирӯз шуда буд.
XS
SM
MD
LG