Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоиҳо дар солгарди раёсатҷумҳурии Мурсӣ


Майдони Таҳрири Қоҳира

Рӯзи якшанбе ҳазорҳо мухолифин ва тарафдорони президенти Миср дар майдони Таҳрири Қоҳира ва гирду атрофи он ҷамъ шуданд.

30-уми июн дар аввалин солгарди раёсатҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ эътирозҳои саросарӣ бо тақозои истеъфои президент ва интихоботи нав ва ҳамчунон гирдиҳамоиҳои тарафдорони президенти исломгарои Миср доир шуданд.

Ҷунбиши мухолифин мегӯяд, барои истеъфои Мурсӣ 22 миллион имзо ҷамъ кардааст. Ба қавли мухолифин Мурсӣ имкони татбиқи ислоҳотро аз даст дода, ба ҷои он ҷунбиши исломии Ихвонулмуслиминро сари қудрат овард.

Мухолифин шикоят доранд, ки дар Миср сатҳи зиндагӣ поин шуда, вазъи иқтисод вахим гардидааст.

Мурсӣ мегӯяд, ки истеъфо нахоҳад рафт. Дар давоми ҳафтаи гузашта дар нооромиҳои Миср камаш 8 нафар ва аз ҷумла як шаҳрванди Амрико ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG