Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзила дар марзи Чину Тоҷикистон


Маркази зилзиласанҷии Чин иттилоъ медиҳад, ки субҳи якшанбе дар як минтақаи кӯҳии марзи Чину Тоҷикистон заминҷунбии баробар бо 5 дараҷа ба вуқӯъ пайваст.

Ин иттилоъро маркази зилзиласанҷии Қазоқистон ҳам тасдиқ кардааст.

Ба қавли донишмандони чинӣ марказии зилзила дар умқи 10 километр будааст. То ҳол дар бораи қурбониҳо ва ё талафот аз ин ҳодиса маълумоте нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG