Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лопес ва Киркоров дар зодрӯзи Бердимуҳаммадов


Ҷеннифер Лопес
Ҷеннифер Лопес
Рӯзи шанбе раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 56 солагиашро бо сайре дар киштии катамаран бо 350 ҷои нишаст ва намоиши овозхони амрикоӣ Ҷеннифер Лопес ҷашн гирифт.

Ҳамчунон дар ҷашни зодрӯзи президенти Туркманистон, ки дар шаҳраки осоишии Аваза доир шуд, ситораҳои ҳунари Русия Филип Киркоров ва овозхонҳо аз Украинаву Туркия ширкат кардаанд.

Консерт бо таронаи “Happy Birthday, Mister President!”, яъне “Зодрӯз муборак, ҷаноби президент!” дар иҷрои Ҷеннифер Лопес ба поён расид.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин ҳунарнамоии як ситораи ҳунари Амрико дар Туркманистон буд. Ширкати миллии нафти Чин, ки аз Туркманистон гази табиӣ истихроҷ ва ба Чин ворид мекунад, харҷи ҳунарнамоии Лопесро бар дӯш доштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар Туркманистонро “яке аз золимтарин режимҳои ҷаҳон” мешуморанд.
XS
SM
MD
LG