Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Британия бидуни эълон ба Афғонистон рафт


 Дейвид Кемерон
Дейвид Кемерон
Сарвазири Британия Дейвид Кемерон бидуни эълони пешакӣ ба Афғонистон сафар кард.

Ибтидо ӯ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз пойгоҳи асосии 7900 афсару сарбози британиявии мустақар дар Афғонистон зиёрат намуда, бо волии Ҳилманд Муҳаммад Наим дидору гуфтугӯ дошт.

Сипас ӯ ба Кобул рафт, то бо раҳбари афғон Ҳомиди Карзай вохӯрад.

Қабл аз сафари Кемерон ба Афғонистон низомиёни Британия иброз доштанд, ки даҳҳо маҳбуси афғонро аз боздоштгоҳи Камп Бастиони Ҳилманд ба дасти мақомоти афғон таслим намудаанд.
XS
SM
MD
LG