Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ сиёсати муътадили хориҷӣ ваъда додааст


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Президенти мунтахаби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, ки дар замони раёсатҷумҳуриаш баҳри беҳбуди равобити кишварҳои абарқудрат бо Теҳрон талош хоҳад варзид.

Рӯзи шанбе дар аввалин сӯҳбати телевизионӣ баъди пирӯзиаш дар интихоботи президентии 14-уми июн Рӯҳонӣ гуфт, ӯ “сиёсати муътадили хориҷӣ”-ро тавассути “муколамаи созанда” пайгирӣ хоҳад кард.

Рӯҳонӣ дар бораи ду бахши сиёсати хориҷии Эрон: барномаи баҳсбарангези ҳастаӣ ва дастгирии Теҳрон аз режими президенти Сурия Башор ал-Асад чизе мушаххасан нагуфт.

Ин ду бахши сиёсати хориҷии Эрон боиси нигаронии кишварҳои ғарбӣ мебошанд.

Рӯҳонӣ аз диндорони муътадил ба шумор меравад. Ӯ бо дастгирии 51 дар сади раъйдиҳандагон дар даври аввали интихоботи президентӣ дастболо шуда, 3-уми август баъди маросими савгандёдкунӣ курсии президенти феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG