Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли се нафар дар хушунатҳои ахири Миср


Бархӯрди тарафдорону мухолифини президенти Миср дар Искандария ( 28-уми июни соли 2013)
Бархӯрди тарафдорону мухолифини президенти Миср дар Искандария ( 28-уми июни соли 2013)
Дар хушунатҳои ахири Миср камаш се нафар кушта шудаанд. Дар арафаи аввалин солгарди раёсатҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ ин кишварро гирдиҳамоиҳои тарафдорон ва мухолифини президенти исломгарои Миср фаро гирифтаанд.

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Искандария ҳангоми бархӯрди тарафдорон ва мухолифини президент Мурсӣ ду нафар ва аз ҷумла як ҷавони амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.

Эътирозгарон дар Искандария ва шаҳрҳои дигар идораҳои ҷунбиши исломии Ихвонулмуслиминро, ки аз пуштибонҳои асосии Мурсӣ мебошад, оташ заданд.

Нафари сеюм дар шаҳри Порт Саид кушта шудааст. ИМА ба мардуми Амрико ҳушдор дод, ки аз сафар ба Миср худдорӣ кунанд.

Ҳамчунон Вашингтон шуморе аз ходимони сафорати Амрико дар Мисрро ба ватан бармегардонад.

Гирдиҳамоиҳои асосии тарафдорону мухолифини президенти Миср рӯзи якшанбеи 30-уми июн дар аввалин солгарди савгандёдкунии Мурсӣ доир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG