Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лоннӣ Сноуден: Писарам метавонад ба ИМА баргардад


Намоиши тарафдорони Эдвард Сноуден дар Украина

Намоиши тарафдорони Эдвард Сноуден дар Украина

Падари собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден мегӯяд, ба фикри ӯ дар шароити муайян писараш ҳозир аст ба Амрико баргардад.

Шабакаи телевизионии NBC-и Амрико мегӯяд, Лоннӣ Сноуден нақша дорад ба вазорати адлияи ИМА паёме навишта, таъкид кунад, ки агар то замони муҳокима Эдвард Сноуденро ҳабс накунанд ва иҷозат диҳанд, ки ӯ дар назди мардум суханронӣ кунад, ӯ ҳозир аст ба Амрико баргардад.

Лоннӣ Сноуден мегӯяд, ба ақидаи ӯ писараш бо ифшо намудани барномаҳои пинҳонии ҳукумати ИМА қонунро вайрон кардааст, вале ӯ бовар надорад, ки писараш ба мардуми ИМА хиёнат карда бошад.

Лоннӣ Сноуден тасдиқ кард, ки аз моҳи апрел ба ин тараф бо писараш сӯҳбате надоштааст. Эдвард Сноудени 30-сола як ҳафта пеш аз Эквадор паноҳандагии сиёсӣ дархост намуд.

Тахмин мешавад, ки ҳозир ӯ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Маскав аст.
XS
SM
MD
LG