Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври навбатии Тур де Франс оғоз меёбад


 Дастаи велосипедронҳои Остона дар арафаи кушоиши Тур де Франс дар Корсика
Дастаи велосипедронҳои Остона дар арафаи кушоиши Тур де Франс дар Корсика
Рӯзи шанбе дар Фаронса барои садумин дафъа мусобиқаи велосипед ё худ дучархаронҳо бо номи Тур де Франс оғоз ёфт.

Варзишгарон пойгаи сеҳафтаинаро аз Порто Вешио, ки дар соҳили ҷазираи Корсикаи баҳри Миёназамин қарор дорад, шурӯъ мекунанд.

Қаҳрамони пойгаи соли гузашта варзишгар аз Британия Бредлӣ Виггинс феълан захмӣ буда, дар сабқати имсола иштирок намекунад.

Дар арафаи Тур де Франс бори дигар таваҷҷӯҳ ба истифодаи доппинг ва ё давоҳои нерӯбахш ҷалб шудааст.

Велосипедрони амрикоӣ Ланс Армстронг, ки баъди ошкор шудани истифодаи доппинг аз унвони қаҳрамони ҳафткаратаи Тур де Франс маҳрум шудааст, мегӯяд, дар давраи ӯ бе истифода аз давоҳои нерӯбахш пирӯзӣ дар мусобиқаҳо ғайриимкон буд.

Армстронг, ки бар бемории саратон пирӯз шудааст, дар байни солҳои 1999-2005-ум ҳафт бор дар Тур де Франс ҳам ғолиб баромадааст.
XS
SM
MD
LG