Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии мардум аз суйистифодаи мусофирбарон


Хар дафъае ки мусофирон ба хатсайрхои байнишахри сафар мекунанд, ба номунтазамии рохкирохо ру ба ру мешаванд. Зеро нархи наклиёти мусофиркаш метавонад дар байни чанд дакика тагйир ёбад. Аз чунин холат баъзан дар ру ба руи мардуме ки ба ин самт равонаанд, мушкили пеш меояд.

Табибзане аз нохияи Фархор, ки насаби худро Кишварова муаррифи кард, яке аз чунин нафарон мебошад. У дар шохрохи Душанбе-Кулоб бисёр сафар мекунад. Аз номунтазамии нарх нигарон аст. "Хар гохе, ки ман ба нохияи Фархор сафар мекунам, нарх 50 сомон аст. Баъзе вакт аз ин хам киммат мешавад. Ин барои мардум вазнин аст. Маоше ки мо мегирем, танхо барои рохкиро сарф кунем?"

Хар лахза тагйир додани нархи рохкироро мусофирон аз ронандагони воситахои наклиёт мебинанд. Худи ронандагон бошанд, барои исботи зарурати ин амалашон далелхои зиёд пеш меоранд. Сабабхои гуногунро омили тагйири харлахзаинаи нарххо мебинанд.



Аммо хангоме, ки мо дар истгохи автомашинахои хатсайри Душанбе-Кулоб вокеъ будем, шохиди лахзаи ачибе гаштем. Бо каме тагйир ёфтани хаво ва боридани борон нарх дар ин самт яку якбора ду маротиба баланд шуд. Аз 20-сомони то 40-сомони афзоиш ёфт. Дар сухбат бо мусофирон инчунин фахмидем, ки дар арафаи идхо рохкиро дар ин самт то 70-у 80-сомони баланд мешудааст. Ин хам дар холест, ки рохи автомобиларди Душанбе-Кулоб сол аз сол холаташ хуб мешавад. Накбхо дар ин хатсайр ба истифода дода мешаванд. Масофа як хасту рохкиро бемувозинат.


Дидани Хатсайри Душанбе-Кулоб дар харитаи бузургтар

Дар давоми як хафтае, ки мо мукоиса кардем, нарх барои як мусофир дар хатсайри Душанбе-Кулоб кариб хар руз гуногун буд. Рузе пасту рузе баланд. Хатто дар як руз рохкиро метавонист чанд маротиба тагйир ёбад. Албатта бозор барои нарху наво озод аст, вале то ин сатх номувозинати хавои тагйирёбандаи бахориро мемонад, ки аз боридани борон баъзан одамон бечатр мемонанд.

Тағйири нарх дар як ҳафта

Тағйири нарх дар як ҳафта



Чунин вазъият танхо мушкилии мусофирони хатсайри Душанбе-Кулоб нест. Тавре аз сухбат бо мусофирони хатсайрхои дигар шахрхои мамлакат пай бурдем, ба чониби дигар минтакахо низ бо як нархи муайян рафта намешавад. Барои бовари пайдо кардан бо ин гуфтахо мо рафтем ба мавзее, ки автомашинахои чониби Хоруг аз он чо сафар мекунанд. Инчо тагйири нархи рохкиро аслан мавсими будааст. Аз ин тагйирот ва номувозинати бештар донишчуён зарар мебинанд.



Ронандагони воситахои наклиёти шохрохи Душанбе-Хоруг, сабаби тагирёбии нархномахои наклиёти мусофиркашонро кариб, ки мисли дигарон шарх доданд. Хамон баланд шудани нархи сузишвориву боз якчанд сабаби дигар. Аммо барои онхо мушкилии дигар низ чой доштааст, ки омили баланду паст шудани нархи рохкиро мешавад. Маблаг барои нигохдории автомобилхояшон дар истгохи махсус. Хангоми сухбат бо мо яке аз ронандагони ин хатсайр, Заур Заурбеков дар ин бора фикрашро иброз дошт.



Хар лахза пасту баланд шудани нархи рохкиро дар холе мебошад, ки Вазорати Наклиёти Чумхурии Точикисон нархгузории тарофахои номиналии мусофирбари бо наклиёти автомобилиро дар Чумхурии Точикистон муайян кардааст. Ин нархгузорихоро мо аз Вазорати мазкур дастрас кардем ва бо нархи феълии рохкиро дар хатсайри Душанбе-Хоруг мукоиса кардем, ки чунин натича ба даст омад.


Ин холро дар хатсайри Душанбе-Хучанд низ во хурдан мумкин аст. Лекин он чониб вижагии худро дорад. Ба андешаи мусофирони ин самт рохкиро аз Хучанд ба Душанбе кимматтрау аз Душанбе ба Хучанд арзон будааст. Мо бо як нафар аз мусофирон, Азимчон Бобочонов, ки аз Хучанд озими Душанбе шуданд мусохиб шудем. "Ман аз як тараф бо 120-сомони меояму вакти баргаштан ба Хучанд барои рох хамаги 80-сомони пардохт мекунам. Ронандагон мегуянд, ки аз хисоби нишеб будани рохи тарафи Хучанд аст."

Алтернативаи таксихои хусусии байнишахриро мусофирон дар хизматрасонихои ширкати нави Asian Express Terminal мебинанд, ки нархи муайянро барои мусофирон пешниход мекунанд. Дар сухбат бо мо яке аз кормандони ин ширкат иброз дошт, ки "Дар маросими идхо хам нарххои хизматрасонихои мо тагйир намеёбанд. Автобусхое, ки ба минтакахои гуногуни кишвар мусофир мекашонанд, шароити хуб доранд ва нархи ягона барои онхо муайян шудааст. Таксихо бошанд, бо хисобкунандахои махсус насб шудаанд, ки хангоми расидан ба муштари чек пешниход мекунанд. Барои пули иловаги гирифтан якчанд нафар ронандагонро аз ширкати мо пеш карданд". Аммо нархномахои ин ширкатро мусофирон каме гарон арзёби мекунанд.

Барои сокинони Точикистон рохи руизамини ягона воситаи наклиёти маъмул махсуб меёбад. Рохи охани байнишахри дар кишвари мо кариб ки нест. Хатсайрхои хавои танхо ба ду самт, Хучанд ва Хоруг вучуд доранд вале нархи онхо гарон аст ва на хама метавонад аз он истифода барад. Барои мардум ягона рох ин истифода аз таксихои байнишахри мемонад. Хар лахза тагйир ёфтани нархи онхо ба вазъи иктисодии мусофирон таъсири манфи мегузорад. Пас дар ин самт назорати дакик мебояд.

Ин матлаб аз тарафи шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе омода шудааст.
XS
SM
MD
LG