Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аквапарки на ба ҳама дастраси "Делфин"


Тибқи иттилои масъулони аквапарки «Делфин»-и Душанбе, рӯзона ҳудуди 200 то 400 нафар аз ин парк дидан мекунанд, ки 90 дар сади онҳоро ҷавондухтарону писарон ташкил медиҳад.

Бону Сарвиноз, ҳамроҳ бо ду писараш дар аквапарки «Делфин», воқеъ дар маҳаллаи 101-и шаҳри Душанбе сайру гашт дошт. Вақте бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам, гуфт, ки аслан чаҳор фарзанд дорад, аммо ба сабаби гаронии маблағ маҷбур шудааст, ки имрӯз танҳо ду фарзандашро бо худ бигирад ва ягон рӯзи дигар дуи дигарашро меорад. Албатта, ин бону мегӯяд, парк ҷои хуби дилхушӣ ва бахусус барои оббозии кӯдакон мусоид аст, аммо маблағи вуруд ба он барои ҳар нафар аз фарзандонаш 40 сомонӣ ва барои худаш 70 сомонӣ гарон будааст.

Ҳарчанд ба таъкиди Сарвиноз, шавҳараш хизматчии давлатӣ бошад ҳам, аммо шароити молӣ имкони фароғатро барои ҳамагии хонавода намедиҳад. «Шароит намешавад, аммо вақте шароит пайдо мешавад, дар як моҳ як маротиба фарзандонамонро меорем. Кӯдакон хурсанд мешаванд. Вақташон хуш мешавад. Алҳол ду фарзанди хурдиямро овардам, ки маблағаш камтар аст.»

Агарчи бо фаро расидани фасли гармо талаботи мардум ба боғу ҷойҳои фароғатӣ зиёд гардад ҳам, аммо аз сабаби гарон будани нархи хадамот на ҳама имкони ба ин гуна ҷойҳо рафтанро доранд. Махсусан наврасон, ки мехоҳанд таътилашонро хубу хотирмон гузаронанд.

Парвиз аз зумраи нафаронест, ки сахт хоҳиши ба ин ё он боғи истироҳатӣ рафтанро дорад, аммо шароити иқтисодии хонаводаашон монеи хостаҳои ӯ шудааст. Парвиз имсол синфи шашумро хатм кардааст, вале ба ҳайси пешхизмат дар яке аз «қурутобхонаҳо»-и пойтахт кор мекунад. Ӯ мегӯяд, боре ба боғ ё аквапарк нарафтааст. Парвиз меафзояд, ки арзиши савор шудан дар каруселҳо ё оббозӣ рафтан ба аквапарк хеле гарон аст. Вай гуфт: «Имкон шавад, меравам. Холо пул ҷамъ кунам, бо ҳамроҳии ягон ҷураам меравам.»
Ба гуфтаи Парвиз барои он ки як рӯз ба аквапарк равад, бояд ду рӯз пешхизматӣ кунад.

Аммо ин дар ҳолест, ки масъулон иддаои гарон будани ҳақи хизматрасонӣ дар аквапаркро рад мекунанд. Ба қавли онҳо, шароити фароҳамшуда дар ин гуна паркҳо бо назардошти арзиши хизматрасонӣ гарон нест. Мансур Остонаев, роҳбари аквапарки «Делфин» мегӯяд, ба парки мазкур, новобаста аз синну сол, ҳама гуна гурӯҳи одамон ташриф меоранд. Аммо бештари онҳоро ҷавонони аз 12 то 25-сола ҳастанд. Ҷаноби Остонаев меафзояд, ки ҳама гуна
кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то ки сатҳи хизматрасонияшон хуб бошад. Вай гуфт: «Барои севуним соат дар рӯз барои одами калонсол 70 сомон муқаррар гардидааст. Баъд аз соати 17:00 бошад, барои калонсолон 50 ва барои кӯдакон 40 сомонӣ мешавад».

Мансур Остонаев гуфт, дар воқеъ на ҳама шаҳрвандон имкони молии рафтан ба аквпарки «Делфин»-ро доранд. Аммо вай меафзояд, ки раёсати аквапарки «Делфин» бо соҳибкорони олмонӣ ҳамкорӣ дорад, бинобар ин нархгузориро бо онҳо мувофиқа кардаанд.

Тибқи омори расмӣ, маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳудуди 200 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, маблағи даромадан ба боғ аз се як ҳиссаи маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG