Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА «Помир» ва «Хайр» ба ниманиҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд


Шоми ҷумъа, 28-уми июн, дар бозии охирини мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тақдири роҳхати дувум ба даври ниманиҳоӣ ҳал шуд.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки бозиро дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, ба нимфинал баромад. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари «Хайр», дар дақиқаи 73–юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Субҳон Хоҷамов, бозигари ССКА «Помир», дар дақиқаи 90+3 зад.

Ҳамин тариқ, дастаи ССКА «Помир», ки бо 7 имтиёз ҷойи аввал ва «Хайр» бо 5 имтиёз ҷойи дувумро касб карданд, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд. Вале дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 4 имтиёз севум ва «Кӯктош+С»-и ноҳияи Рӯдакӣ бидуни имтиёз чорум шуданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми ФФТ маҳрум гаштанд.

ССКА «Помир» ва «Хайр» дар даври ниманиҳоӣ бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд рақобат мекунанд. Бозиҳои нимфиналӣ 5-ум ва 8-уми июл баргузор мешаванд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1. CСКА «Помир» (Душанбе) 3 2 1 0 6-1 7
2. «Хайр» (Ваҳдат) 3 1 2 0 6-3 5
3. «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 1 1 4-3 4
4. «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 3 0 0 3 2-11 0

Голзанҳои беҳтарин: Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр») – 3 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол»), Ҳаким АМРОҶОНОВ («Кӯктош+С») – 2-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG