Пайвандҳои дастрасӣ

Волидайни нафароне, ки қурбонии шиканҷа шумурда мешаванд, ҳамакнун даъвояшонро то СММ мебаранд, зеро ба таҳқиқи комили ин парвандаҳо дар кишвар бовар надоранд.

Луъбатхон Бурҳонова мегӯяд, қатъиян бовар дорад, ки фарзандаш дар пайи озору шиканҷа кушта шудааст, аммо мақомоти Тоҷикистон ба мушкилоташ расидагӣ намекунад ва маҷбур шудааст то ба Котиби генералии СММ Пан Ги Мун муроҷиат намояд.

Фарзанди Луъбатхон Бурҳонова Дилшодбек Муродов, ки 46 сол дошту бо ҳукми суд барои мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъа барои 6 сол равонаи зиндон шуда буд, баъди 5 моҳ аз маҳбасхона тани сарди беҷонашро бароварданд. Ҳарчанд, ки аз марги Дилшобек 4 сол гузаштааст, вале то ҳол мақомот сабаби аслии марги ӯро муайян накардаанд, мегӯяд модари ӯ:



Ин ҳам дар ҳолест, ки модари Дилшодбек мегӯяд, ҳамагӣ 3-рӯз қабл аз фавти писараш бо ӯ вохӯрда буд ва ӯ аз дарде шикоят намекард. Модар мегӯяд: “Санаи 6-уми августи соли 2009 Дилшодбек зодрӯз дошт ва ҳангоми вохӯрдан писарам дар ҳолати хуб қарор дошт. Баъде, ки мурдаашро дидам дар бадан ва сари писарам хун лахта шуда буд, агар касалии дил медошт, ӯро яқинан ба Афғонистон ба хизмат намефиристоданд”.

Дилшодбек Муродов нафари ягонаи қурбонии шиканҷа нест. Дар се соли ахир 5 нафари дигар бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Ҳуршед Бобокалонов ва Баҳромиддин Шодиев, мебошанд, ки дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расиданд. Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд то ҳол мақомот дар баррасии парвандаи ин афрод беаҳмиятӣ мекунанд. Ва бештари маврид нисбати нафарони ба зӯроварӣ дастзада парванда боз намекунанд.

Нигина Баҳриева

Нигина Баҳриева

Нигини Баҳриева, раҳбари Коалитсияи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд бо вуҷуди мушкил будани исботи парвандаҳо оид ба шиканҷа, онҳо тавонистаанд аз ҳуқуқҳои чанд нафар хешовандони шиканҷадидаҳо ҳимоят кунанд. Нигина Баҳриева мегуяд:



Чанде пештар бо дастгирии Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон «Amnesty International» ва бо иштироки хешовандони маҳбусоне, ки аз шиканҷа фавтидаанд, намоишгоҳи “Нест бод шиканҷа!” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар намоишгоҳ аксҳои нафарони аз шиканҷа фавтида ва озори шиканҷа дар бадани онҳо, гузошта шуд.

Мақсади ин намошгоҳро раҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Тоҷикистон, Наргис Зокирова дар ҷалби ҳукумат ба масоили шиканҷа унвон мекунад:


Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Кудратов, ҳукукшиноси тоҷик мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ ва судӣ аз ҳар роҳҳо истифрда мекунанд то ҷой доштани шиканҷаро да боздоштгоҳҳо пинҳон кунанд. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов: “Дар Тоҷикистон таҳқиқи парвандаҳое, ки дар он нисбати айбдоршаванда ё гумонбаршаванда шиканҷа дида мешавад, хеле душвор мебошад. Сабабаш дар он аст нисбати шахсоне, ки дар рӯзҳои аввал дастгир мешавад, шиканҷа зиёд дида мешавад. Ва баъде, ки кормандони мақомоти қудратӣ аз ин шахсон нишондодҳои ба худ лозимаро мегиранд, онҳоро як муддати муайян ба хешовандон ва ҳимоятчиён нишон намедиҳанд. Бо ин амали худ боз як бори дигар қонунро риоя намекунанд. Дар ин муддат он нишонаҳои шиканҷа ва лату кӯб, сурху кабудӣ аз бадани шахс нест мешаванд.

-Шахсан шоҳиди ҳолате будам, ки пас аз муроҷиат кардани ман ба муфаттиш оиди гузаронидани ташхиси тиббӣ, нисбати зерҳимояи ман, ки шиканҷа шуда буд, дар аввал онҳо табиб оварда як ҳафта ӯро табобат кардаанд ва пас аз ин ба назди ӯ духтур овардаанд. Дар бисёр ҳолатҳо духтур аз тарафи худи мақомоти тафтишбаранда оварда мешаванд. Ва онҳо ин арзу шикояти ҷабрдидаро нодида мегиранду дар санадҳои худ дарҷ намекунанд. Дар ин ҳолат аз тарафи ҳимоя ва худи шахсе, ки нисбати ӯ шиканҷа шудааст, исботи шиканҷа душвор мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо мақомоти судӣ аз сабабе, ки дар фаъолияти худ мустақил нестанд, дар баррасии парванда дар суд дар вақте ки аз тарафи судшаванда ва ҳимоячии ӯ оиди шиканҷа гуфта мешавад, суд ба он санадҳое, ки дар парванда мавҷуд мебошад баҳо медиҳад. Дар парвандаи ҷиноӣ бошад ҳама санадҳо аз тарафи муфаттиш чунин тартиб дода мешаванд, ки гӯё шиканҷа ва лату кӯб дар вақти тафтишот нашудааст.”



Ин матлаб аз тарафи шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе омода шудааст.
XS
SM
MD
LG