Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари даргириҳои рӯзи ҷумъа байни тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, дар шаҳри Искандария ду тан кушта ва беш аз сад нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Фаронса гузориш додааст, ки яке аз кушташудагон як аксбардори амрикоӣ будааст. Дар Қоҳира-пойтахти Миср ҳам гирдиҳамоии ҷонибдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ барузор шуд. Хабаргузории «Аш-шарқ ал-авсат»-и Миср ба нақл аз манобеи бемористонӣ гузориш додааст, ки "як шаҳрванд дар асари тирандозӣ пас аз интиқол ба бемористон аз шиддати захмҳо даргузашт."
Ҳамчунин ин гузориш аз захмӣ шудани беш аз 100 нафар дар ин шаҳр хабар додааст.

Хабаргузории Франс-пресс гузориш додааст, ки бар пояи наворҳои зиндапахшшуда аз шабакаи телевизионии "Ал-ҳаёт", баъд аз зуҳри ҷумъа мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар як минтақаи шаҳри Искандария, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Тибқи навори пахшшуда, пас аз шунидани садои тирандозӣ, тазоҳуркунандагон иқдом ба давидан ва дур шудан аз маҳал кардаанд. Бархе аз тазоҳуркунандагон дар гуфтугӯ бо шабакаи "Ал-ҳаёт" аъзои гуруҳи "Ихвонулмуслимин"-ро ба тирандозӣ муттаҳам карданд.

Хабаргузории Франс-пресс гузориш додааст, ки пас аз ин ҳодиса, тарафдорон ва мухолифони Мурсӣ бо якдигар даргир шуданд ва нерӯҳои интизомӣ ва зидди шӯриш барои поён додани ин даргириҳо дахолат карданд. Ҳамчунин ду дафтари вобаста ба Ҳизби озодӣ ва адолат, бозуи сиёсии «Ихвонулмуслимин» дар ду шаҳри ин кишвар ба оташ кашида шуданд.

Ин рухдодҳо ду рӯз пас аз он рӯй додааст, ки мухолифони Муҳаммад Мурсӣ даъват ба тазоҳуроте бузург бо талаби истеъфои ӯ карданд. Рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммад Мурсӣ дар суханоне ба мухолифони худ пешниҳод кард, Қонуни асосии ҷанҷолбарангези Миср ислоҳ шавад. Мурсӣ ҳамчунин хостори ташкили комиссияе бо ҳузури намояндагони ақшори гуногуни Миср ва намояндагони калисо ва Донишгоҳи Ал-Азҳар, барои оштии миллӣ шуд. Ӯ дар суханронии дувунимсоатаи худ аз мухолифон интиқод кард ва гуфт, ки онҳо демократияи навпои ин кишварро бо нооромиҳои сиёсӣ ва буҳрони иқтисодӣ, вайрон карданд.

Акнун нигаронӣ аз даргириҳои густурда байни ҳаводорон ва мухолифони Мурсӣ дар рӯзҳои оянда бештар шудааст. Аз ин қабл артиши ин кишвар таҳдид карда буд, ки агар тарафҳо ба тавофуқ даст наёбанд, вориди амал хоҳанд шуд. Тибқи гузоришҳо, гуруҳе аз шаҳрвандони мисрӣ бинобар нигаронӣ аз вазъ дар рӯзҳои оянда, даст ба захира кардани маводи ғизоӣ задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG