Пайвандҳои дастрасӣ

Насли имрӯз дар ҷустуҷӯи идеалҳои миллист. Бархе аз онҳо дар симои босмачиён низ идеали худро мебинад ва талаби онро доранд, ки нақши босмачӣ дар таърих бознигарӣ шавад.

Ҷонибдорони ин ақида мегӯянд, босмачиёнро имрӯз бояд "сафед" кард, вагарна "хуни рехтаи онҳо аз домонамон мегирад." Онҳо ҳатто фаротар аз ин мераванд ва мегӯянд, бояд Ленин ва Русияро ба додгоҳи байналмилалӣ дод, то ҷуброни ҳамаи он бадбахтиҳои мардуми тоҷикро пардозанд.

«Босмачиҳо зидди истилогарони шӯравӣ, ки барояшон "кофар" буданд, мубориза бурданд ва ватанашонро ҳимоя карданд. Имрӯз онҳо бояд сафед шаванд. Чаро Темурмалику Спитамен ва Деваштичро, ки бар зидди истилогарон мубориза бурда буданд, қаҳрамон мегӯему инҳоро не?», - мегӯяд Муллораҷаб Юсуфӣ, як ҷавони тоҷик.

Аммо профессор Ёқуб Одинаев, мегӯяд, босмачӣ ҳаргиз ҳомии ватану миллат набуд. Ба андешаи ӯ, босмачӣ душмани халқ ва террористи солҳои сиюм буд ва бояд бо чунин ном дар таърих ёд шавад. Вай мӯътақид аст, ки босмачиҳо ободии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро намехостанд ва бо ташвиқи пантуркистон ва хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Англия дар ин ҷо қатли омро сар карданд. Мавриди зикр аст, ки ҳаракати “босмачиҳо” алайҳи артиши сурх, ки мехостанд, аморати Бухороро эҳё кунанд, солҳои 1921-1936 асри гузашта сурат гирифтааст. Вожаи “босмачӣ” туркӣ буда, решааш аз калимаи “басмақ”, яъне ҳамла кардан аст.



Бо такя ба арқоми расмии таърихӣ донишманди тоҷик Ёқуб Одинаев ҳамаи он амалҳоеро, ки Муллораҷаб ба аскарони сурх нисбат медод, баръакс хоси босмачиҳо меҳисобад. «Занҳоеро, ки чодарашонро партофтанд ва дар коргоҳҳои давлатӣ ба кор пардохтанд, узви комсомол ё муаллима шуданд, онҳо нобуд мекарданд. Баъзешонро ба тариқи чорбанд мекуштанд, яъне дасту пояшонро ба ду дарахт мебастанду баъдан дарахтонро аз ҳам ҷудо мекарданд. Бо ин амалашон мардумро ба даҳшат меоварданд. Онҳо тамоми деҳаю мактаб ва идораҳои давлатию мағозаҳоро оташ мезаданд. Хонаҳои мардумро тороҷ мекарданд. Раисони ҷамоатҳоро маҷбур мекарданд, ки барояшон гову моли мардумро кашида гиранд ва боз дасти таҷовуз ба ноиуси зану духтарони мардум дароз мекарданд, мисол меорад ӯ.


"Падари ман Қурбон Одинаев сардори НКВД-и ноҳияи Варзоб буд. Ӯ мегуфт, босмачиҳо мехостанд шарафи тоҷикро зери по кунанд ва монеи ҷумҳурии навтаъсис шаванд, - таъкид мекунад ҷаноби Одинаев. Зоҳиран, ин баҳс аз сафҳаи нашрияҳо ба зеҳни мардум рехтааст, зеро чанд соли охир мавзӯъ ба таври густарда дар матбуот баррасӣ мешавад.

Рӯзноманигор Ҷонибеки Асрориён, ки дар бораи босмачигарӣ китоб навиштааст, мегӯяд, онро як ҳаракати умумитоҷикӣ ва умумимусулмоние меномад, ки то соли 1922 мардум онро муҷоҳид ном мебурдаанд. «Кори якуме, ки давлати шӯравӣ кард, рад кардани Худо буд. Вале ин қавме, ки ҳазорҳо сол бунёдашон ба дину ойин вобаста буд, натавонистанд яку якбора идеологияеро қабул кунанд, ки аслаш бехудоӣ бошад," - исрор меварзад ӯ.

Аммо аз нигоҳи Ёқуб Одинаев, «ҳамаи муборизаҳои синфӣ зери ниқоби дин сурат мегиранд. Ҳаштод дарсади мардуми диндор бесаводанд. Хусусан, дар ҳамон давра дар Тоҷикистон ҳамагӣ 0,2 дарсади мардум саводдор буданд. Онҳо ҳам танҳо «Ҳафтяк»-у «Чоркитоб»-ро хонда метавонистанд», - мегӯяд ӯ.

Ёқуб Одинаев, донишманди тоҷик

Ёқуб Одинаев, донишманди тоҷик

Мухолифони ин андеша, ки кам нестанд, мегӯянд, маҳз пирӯзии босмачиён ва идома ёфтани зимомдории Аморати Бухоро метавонист дар рушди фарҳангу тамаддуни тоҷикон нақши муассир гузорад. «Агар босмачиҳо ғолиб меомаданд, мо хатту фарҳанги худро аз даст намедодем. Репрессияи сталинӣ намешуд, теъдоди зиёди тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро аз даст намедоданд. Ҳукумати шӯравӣ боис шуд, ки шаҳрҳои қадимиамон ба монанди Самарқанду Бухороро аз мо гиранд. Аз ҳама бештар ба Тоҷикистон хиёнат карданд," - даъво дорад Муллораҷаб.


Онҳое, ки босмачигариро маҳкум мекунанд, мегӯянд, баръакс бесуботие, ки ситезаҷӯёни вақт бапо карданд, ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳудуди он шомил шудани шаҳрҳои қадимиро номумкин гардонд. Ҳамин тавр бархе хостори бознависии таърихи босмачиён ва қаҳрамон ҷилва додани онҳо, аммо бархе муқобили ин андешаанд.

Ҷонибеки Асрориён, рӯзноманигор

Ҷонибеки Асрориён, рӯзноманигор

Ин дар ҳолест, ки Музаффар Азизов, мудири шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон комилан сафед кардани тамоми босмачиёнро кори дуруст намеҳисобад. Аз нигоҳи ӯ то соли 1924 муҳорибаҳо хислати озодихоҳӣ доштанд ва бештари мардум дар онҳо иштирок мекарданд. «Чун идеологияи бегона омад ва мардум намедонистанд, ки он чӣ мехоҳад. Вале баъди он ки ҷумҳурӣ таъсис ёфт ва ба мардум моҳияти ҳукумати шӯравиро тавзеҳ доданд, маълум шуд, ки кӣ барои манфиати халқ мубориза мебарад ва кӣ барои манфиат ва ҳокимияти худаш," - мегӯяд ӯ.

Иттифоқан, чанд сол пеш масъулони ноҳияи Барҷувон барои бунёди оромгоҳи Давлатмандбий, яке аз фармондеҳони босмачиён дар ин минтақа бо дархосте ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат карда буданд. Аммо Музаффар Азизов мегӯяд, барои қаҳрамони таърихӣ эълон кардани Давлатмандбий далелу асноде дар даст нест. Ин масъули вазорати фарҳанг ва мутахассиси соҳаи ёдгориҳои таърихӣ мегӯяд, агар босмачиҳоро қаҳрамон эълон кунем, қаҳрамонии Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шотемур зери суол меравад. Аммо Ҷонибеки Асрориён мегӯяд ҳар кадоме бо роҳи худ мубориза бурдаандва бояд ҷойгоҳашон рӯшан бошад.

Ҳамин тариқ, баҳси мухолифон ва ҷонибдорони босмачиён гоҳу ногоҳ дар ҷомеа ба гӯш мерасад ва ҳанӯз нуқтаи асосие, ки ба он хотима бахшад, гузошта нашудааст. Аммо имрӯз чун ҳомии ислом ва муҳофизи ватани аҷдодӣ муаррифӣ шудани босмачиён боис шудааст, ки бархе ҷавонон низ ба онҳо ихлосу иродат пайдо шавад. Соҳибназарон мегӯянд, вақти он расида, ки назари расмӣ дар ин замина изҳор шавад, ки кадоме аз онҳо манфиатҳои миллиро ҳимоя мекарданд ва кадоме раҳзану ғоратгар буданд? Дар он сурат ҷавонон бояд огоҳона интихоб кунанд, ки аз кӣ пайравӣ кунанд ва аз кадом ғояҳо дурӣ ҷӯянд.

Ин матлабро шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе таҳия кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG