Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои тоҷикҳои дармонда "долони муваққат" мекушояд


Русия дар гузаргоҳҳои марзии вилояти Краснодар "долони муваққат" ташкил хоҳад кард, то шаҳрвандони Тоҷикистон имкони хурӯҷ аз қаламрави Абхозистонро дошта бошанд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ташреҳи ин хабар гуфт, ки айни ҳол дар Абхозистон беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва онҳо бар пояи қавонин ҳаққи убур аз қаламарви Русияро надоранд. Ин афрод марзи миёни Русия ва Абхлзистонро убур кардаанд ва аммо акнун марзбонҳои рус ба онҳо иҷозаи бозгашт ба кишварро намедиҳанд.Ҳалли ин мушкил фақат тавассути ҳамкории ниҳодҳои Русия ва Тоҷикистон ва боз кардани "долони муваққат" мумкин аст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод,баъд аз гуфтушунид миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон имкон ёфтанд, ки аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Сочи ба ватан баргарданд.
XS
SM
MD
LG