Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Ҷон Керрӣ барои оғози музокироти Исроилу Фаластин


Ҷон Керрӣ ва Маҳмуд Аббос

Ҷон Керрӣ ва Маҳмуд Аббос

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи дуввум аст дар бораи оғози музокироти сулҳи Исроилу Фаластин гуфтугӯ мекунад. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа дар Аммон-пойтахти Урдун бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин мулоқот анҷом дод.

Ин мулоқот баъд аз он сурат гирифт, ки шоми рӯзи панҷшанбе Ҷон Керрӣ 4 соат бо Бенямин Нетанёҳу-нахуствазири Исроил гуфтугӯ кард. Дар бораи натиҷаҳои ин музокирот хабар дода намешавад.

Ин панҷумин боздиди Ҷон Керрӣ аз минтақа дар соли ҷорӣ барои оғози музокироти сулҳи Исроилу Фаластин аст.
XS
SM
MD
LG