Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо ба Сербистон иҷоза дод, ки музокироти узвиятро оғоз кунад


Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо аз сафҳаи худ дар Twitter эълон кард, ки Иттиҳодияи Аврупо оғози музокирот бо Сербистонро барои узвият дар ин созмон ба тасвиб расондааст.

Дар ин бора дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв дар Бруссел тасмим гирифта гирифта шуд. Акнун Сербистон музокироти узвиятро бо Иттиҳодияи Аврупо моҳи январ оғоз мекунад.

Имкони оғози чунин музокирот замоне фароҳам омад, ки баъд аз солҳо хусумат моҳи апрели соли ҷорӣ Сербистон ва Косово ба тавофуқ расиданд, ки муносиботи худро ба ҳолати оддӣ бармегардонанд.

Тибқи тавофуқоти ду ҷониб тақрибан ба 40 000 сокини сербтабор дар шимоли Косово ҳақи мухторият медиҳанд.
XS
SM
MD
LG