Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Маскав 1400 муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт карданд


Пулиси Маскав тақрибан 1400 нафар муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки дар рустои муваққатӣ ба сар мебурданд, боздошт кард. Рӯзи ҷумъа сухангӯи пулиси Маскав гуфт, ки аксари ин муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон будаанд.

Ин маҳали муваққатии сукунатро дар ҷануби шарқи Маскав ошкор кардаанд ва он аз 13 хона иборат будааст. Ин хонаҳои ду ва сетабақаро як ширкати туркӣ барои идора ва мағоза бунёд карда будааст. Муҳоҷирон дар ин хонаҳо беш аз меъёр ҷой гирифтаанд.
Онҳо дар ҷараёни амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Амалиётро Хадамоти муҳоҷират анҷом додааст. Дар авоили моҳи ҷорӣ низ пулиси Маскав як муҷтамаи бузурги зерзаминиро ошкор кард, ки дорои мағозаву синамо ва ҷой барои паррандапарварӣ буд ва дар он муҳоҷирони корӣ ба сар мебурданд.
XS
SM
MD
LG