Пайвандҳои дастрасӣ

То соли 2016 аҳолии Тоҷикистон 8 млн ва 581 ҳазор мешавад


Имрӯз ҷумъаи 28-уми июн таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ, афзоиши аҳолии кишвар дар се соли оянда будааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи имрӯз иттилоъ дод, ки ҳангоми баррасии дурнамои асосии макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2014-2016, масъалаи афзоиши аҳолӣ ҳамчун масъалаи ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи Ҳукумат таъкид гардид, ки шумораи аҳолии кишвар дар се соли оянда мутаносибан ба 8 миллиону 232 ҳазор, 8 миллиону 400 ҳазор ва 8 миллиону 581 ҳазор нафар хоҳад расид. Биноан маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 48 миллиарду 500 миллион сомонӣ, 55 миллиарду 530 миллион ва 63 миллиарду 200 миллион сомонӣ бояд расонда шавад. Бо назардошти ин, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин солҳо ба ҳисоби миёна 7,6 дар садро ташкил хоҳад дод. Ва мизони таваррум бошад, дар се соли оянда мутаносибан 7,5дар сад пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG