Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон мушовири раиси ҳизби мухолиф боздошт шуд


Мақомоти интизомии ноҳияи Ленкоран Ёдгор Содиқов-мушовири раиси ҳизби “Мусовот” ё “Баробарӣ”-ро боздошт карданд. Хасав Сафаруғлӣ-раиси бахши “Мусовот” дар Массалӣ гуфт, ки пулис рӯзи панҷшанбе ба хонаи Ёдгор Содиқов рафтааст ва ӯро ба шӯъбаи маҳаллии пулис овардааст.

Содиқовро барои ҳамла ба як мард ва лату кӯби вай дар Массалӣ гунаҳгор медонанд. Ҳоло вай дар боздошт қарор дорад.

Орхан Мансурзода-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Озарбойҷон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти Содиқов ба фаъолиятҳои сисёсии вай иртибот надорад ва аз радиои Озодӣ хост, ки ба ин масъала “ҷомаи сисёсӣ напӯшонанд”.
“Мусовот” ҳизби собиқадори мухолифи давлати Озарбойҷон аст ва аз соли 1993 рақиби ҳизби ҳокими “Озарбойҷони Нав” ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG