Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: "Дасисаи Толибон дар Қатар хунсо шуд"


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон.

Раиси ҷумҳури Афғонистон иқдоми Толибон ҳангоми кушоиши дафтарошон дар Қатарро як дасиса хонд, ки аз сӯи афғонҳо сари вақт хунсо шуд.

Оқои Карзай дар як суханронии радиоӣ гуфт: "Мо ва ҳукумати Аvрико дар бораи кушоиши дафтари Толибон дар Қатар созиш доштем. Аммо вақте, ки дафтар кушоиш меёфт, қазия шакли дигар дошт ва тибқи созиши мо набуд. Мо дар баробари ин кор собитқадамона истодем ва бо пуштибонии қавии мардуми Афғонистон ин дасисаро хунсо кардем.»

Пас аз он, ки Толибон дафтарошонро зери номи «Дафтари аморати исломии Толибон» дар Қатар ифтитоҳ намуданд ва байрақи замони ҳокимияташонро барафроштанд, ҳукумати Афғонистон аз фиристодани намояндаҳояш ба Доҳа худдорӣ кард.

Ба дунбол, Кобул ҳамчунон музокироташ бо Вошингтонро дар мавриди имзои санади ҳамкориҳои амниятӣ миёни Афғонистон ва Амрико ба таъхир андохт. Ин музокирот дар эътироз ба он чӣ ҳукумати Афғонистон таноқуз дар гуфтор ва кирдори Амрико хонд, ба ҳолати таъхир даромад.

Ин мавзӯъ бори дигар миёни Кобул ва Вошингтон танишро ба вуҷуд овард, аммо Амрико дар як вокуниши сареъ, барафроштани парчами Толибон ва номгузории дафтари онҳоро хилофи тавофуқоти қаблӣ хонд. Вазири умури хориҷии Амрико низ ҳушдор дод, ки агар дар музокироти сулҳ бо Толибон пешрафт ҳосил нашавад, дафтари ин гуруҳ дар Доҳа баста хоҳад шуд. Саранҷом Толибон лавҳа ва парчами «аморати исломӣ»-ро аз болои дафтари худ дур карданд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, «мо сулҳ мехоҳем ва барои барқарории он талош мекунем. Аммо ба ҳеҷ кас иҷоза нахоҳем дод то аз талошҳои мо барои сулҳ, сӯиистифода кунад. Мо фаъолияти бегонаҳоро ба диққат назорат мекунем ва дар баробари он бедор ҳастем.»

Карзай бори дигар аз Толибон хостааст, ки аз ҷанг даст бардоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии худ дар дохили Афғонистон зиндагӣ кунанд. Вай ҳамчунон таъкид кардааст, ки то барқарории сулҳ дар Афғонистон ба талошҳои худ идома хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG