Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобистони "гарм" барои варзишгарони тоҷик


Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Тобистони соли равон варзишгарони тоҷик дар се мусобиқоти бузургтарини қитъавию ҷаҳонӣ ширкат меварзанд.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни суҳбат дар барномаи "Ҷаҳони варзиш"-и радиои "Озодӣ" хабар дод.

Вай нахуст дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июл дар шаҳри Инчҳони Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, “дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат хоҳанд кард. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 23 варзишгар дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт (варзиши электронӣ) намояндагӣ мекунанд. Маросими кушоиши ботантанаи бозиҳо 29-уми июн дар шаҳри Инчҳон, дар варзишгоҳи Samsan World Gymnasium баргузор мешавад.Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое барпо мегардад, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд.”

Бузургтарин мусобиқоти имсола Универсиадаи ҷаҳонӣ ё Олимпиадаи донишҷӯён маҳсуб мешавад. Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бо ширкати 10 ҳазор варзишгар аз 170 кишвар аз 6-ум то 17-уми июл дар пойтахти Тотористони Русия – шаҳри Қазон доир хоҳад шуд. Варзишгарон барои 351 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд. Дар ин Универсиада варзишгарони тоҷик низ дар 10-12 навъи варзиш, монанди дзюдо, самбо, гуштии камарбандӣ, кураш, варзиши сабук, вазнабардорӣ, тенниси рӯи миз, шиноварӣ ва ғайра ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқоти дигаре, ки варзишгарони тоҷик ба он омодагӣ мебинанд, Бозиҳои осиёӣ байни наврасонанд, ки аз 16-ум то 24-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 навъи варзиш, аз он ҷумла, варзиши сабук, бадминтон, баскетбол, шамшербозӣ, футбол, голф, ҳандбол, дзюдо, регбӣ, тирандозӣ, сквош, тенниси рӯи миз, тенниси майдонӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об ва ғайра дохиланд. Бояд гуфт, ки соли 2014-ум дар ин шаҳр Бозиҳои дувуми олимпии тобистонаи наврасон баргузор хоҳанд шуд.

Инчунин ҷаноби Раҷабалиев дар бораи он варзишгарони кишвар, ки ба бузургтарин мусобиқоти соли оянда – Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз 7-ум то 23-юми феврали соли 2014 дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешаванд, нақл кард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:48 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG