Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон фаъолияти вакилони палатаи поёнии парлумонро хуб арзёбӣ кард, аммо аз бемасъулиятии сохторҳои давлатӣ интиқод намуд.

Раиси палатаи поёнии парлумон, рӯзи ҷумъаи 28-уми июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор дар давраи иҷолосияи навбатӣ гуфт, ки "вакилон дар маҷмӯъ фаъол буданд ва дар таҳия ва қабули қонуну сандаҳои муҳим барои ҳаёти кишвар саҳм гузоштанд."

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар ин муддат вакилон бештар фаъол буданд ва 187 қонуну санад ва 27 қарори ҳукуматро баррасиву тасвиб карданд. Ҳамзамон ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров дар ин давра 25 қонуни мукаммал, ки аз лиҳози сифат ва аҳамият муҳим буданд, қабул шудаанд.

Ӯ афзуд, «Фаъолияти қонунгузорӣ дар ҷараёни иҷлосияи чорум тамоми бахшҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифта, ҳеҷ як соҳаи муҳим аз мадди назари эҷоди қонунҳои мукаммал ва ё тағйиру иловаҳо фикр мекунам, барканор намонд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрўз дар тамоми бахшҳои фаъолияти давлатдориамон заминаи мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам овардашудааст. Тавре худ шоҳидед, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон ба таври назаррас зиёд Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

гардид. Вакилон бо омўзиши эҳтиёҷоти ҷомеаи кишвар ба қонунҳои зарурӣ дар ҳамҷоягӣ бо вазорату идораҳо ё муассисаҳои ғайридавлатӣ як силсила лоиҳаҳои муҳим ва саривақтиро таҳияву пешниҳод намуданд.»

Ҷаноби Зуҳуров, дар ин муддат қабули қонунҳо дар бораи будҷа, ҷилавгирӣ аз хушанати хонаводагӣ, суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва маорифро барои пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар саривақтӣ арзёбӣ кард.

Бо ин ҳам хабарнигороне, ки масоили парлумониро дунбол мекунанд, мегӯянд, дар бештари қонунҳое, ки аз сӯи палатаи поёнӣ қабул шудаанд, вакилони ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ саҳм гирифтанд, ки 90 дарсади курсиҳои парлумонро соҳибанд. Аз сӯи дигар, аксари қонунҳо аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудаанд ва вакилон низ якдилона онҳоро пазируфтаанд. Ба истиснои як қонуни баҳсбарангез дар мавриди созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо НАТО бинобар норӯшанӣ ва тарҷумаи носаҳеҳ, дубора ба ҳукумат баргардонида шуд. Аммо ин созишнома низ пас аз такмил дар иҷлосияи баъдӣ бидуни баррасӣ ба тасвиб расид.

Ба таъкиди нозирони умури парлумон, қабули баъзе аз қонунҳо сару садоҳоро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард. Мардони Муҳаммад, хабарнигори парлумонӣ мегӯяд, яке аз санадҳое, ки то ҳанӯз баҳсҳо дар атрофаш кам намешаванд, Кодекси андози Тоҷикистон аст, ки моҳи январи имсол ба тасвиб расида буд. Ба қавли хабарнигор, ба дунболи қабули ин кодекс, ки гӯё ба соҳибкорон сабукӣ меорад, фишор болои бахши хусусии Тоҷикистон бештар шуда, ҳудуди 18 то 20 ҳазор корхонаи тавлидии инфиродӣ, ба далели он, ки натавонистанд молиётро пардохт кунанд, баста шудаанд.

Мардони Муҳаммад афзуд, «ҳамчунин аз молиёт ва боҷи гурукӣ озод кардани ширкати "Осиё Экспресс", ки ҳатто аз ифшои номи соҳиби ин ширкат худдорӣ шуда буд, баҳсҳои зиёдеро ба дунбол дошт. Ҳатто раиси парлумон тақозо кард, ки исми соҳиби ин ширкат ифшо шавад, аммо ҳеҷ кас ифшо накард ва аммо бо ин вуҷуди ҳам дар парлумон онҳо аз андоз озод шуданд ва танҳо 3-4 нафар вакил муқобил овоз доданд.»

Мардони Муҳаммад ҳамчунин гуфт, баъд аз раиси порлумон интихоб шудани Шукурҷон Зуҳуров, аксарият умедвор буданд, ки як тағйироте дар наҳваи кори порлумони Тоҷикистон сурат мегирад ва вакилон то андозае аз худ мустақилият нишон медиҳанд. Аммо аз таҷрибаи се солаи кори парлумон рӯшан шуд, ки ин интизорот ботил баромадааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки парлумони Тоҷикистон баъд аз он, ки пешниҳоди тағйиру иловаҳоро ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон аз сӯи Кумитаи тадорукоти Эътилоф рад кард, бори дигар мустақил набудани худро собит намуд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҲНИТ.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҲНИТ.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҲНИТ мегӯяд, то ҳанӯз барои онҳо далели аслии қабул нашудани ин лоиҳа норӯшан боқӣ мондааст. Ҷаноби Ҳусайнӣ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт: «Албатта хулосаҳои мо вакилони ғайри ҳизби ҳоким дар аксарияти ҷойҳо мавриди қабул қарор мегиранд, чунки мо ҳама вақт мехоҳем, ки мантиқи дуруст дар қонунҳо бошад. Ва вақте, ки ин қонунҳо аз парлумон берун меоянд, на дар ҷумлабандии он ва на дар маънои он ғалат набошад. Аммо дар мавқеъгириҳои хеле муҳим мавқеи мо он қадар қобили эҳтиром нест.»

Аммо бо ин ҳама гуфта мешавад, имсол дар фаъолияти парлумони Тоҷикистон як навъ пешравӣ низ ба назар расидааст. Аз ҷумла, барои аввалин бор вакилони парлумон ба гуфтаҳои зиддитоҷикии сиёсатмадори рус Владимир Жириновский, ба сӯҳбатҳои Геннадий Онишенко, раҳбари Хадамоти беҳдоштии Русия ва мутавақифу бозраси шудани қатораҳои Тоҷикистон вокуниш нишон доданд ва ҳамчунин ба иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди зиёни корхонаи алюминиюми тоҷик, Талко, ба ин кишвар посух гуфтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG