Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе мехоҳад ҷои таксиҳоро ба тролейбус бидиҳад


Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди СММ бо пуштибонии молии Бунёди глобалии иқтисодӣ тарҳи густариши нақлиёти ҷамъиятиро ба ҷои таксӣ ва дигар нақлиёти хусусӣ дар Душанбе татбиқ мекунанд. Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, тарҳи мазкур имрӯз дар як ҳамоиши ниҳодҳои марбут ба соҳаи нақлиёт, намояндагони барномаи Рушди СММ ва коршиносонибайналмиаллӣ баррасӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир 87 дарсади газҳои ихроҷшуда дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби нақлиёти мухталиф, аз ҷумла таксиҳо ва шумори зиёди мошинҳои хусусӣ мебошад.

Ба хотири тағйири вазъ «Барномаи густариш ва беҳтарсозии нақлиёти ҷамъиятӣ» рӯи даст гирифта шудааст ва бо пуштибонии молии Бунёди глобалии иқтисодӣ амалӣ карда хоҳад шуд. Дар ин нишаст аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Ричорд Бёрел масъалаи танзим ва пулакӣ кардани истгоҳҳои мошинҳо (парковкаҳо) дар миён гузошта шуд. Ҳамчунин бештар намудани ҳаракати тролейбусҳо дар хиёбонҳо ҳамчун навъи аз нигоҳи экологӣ мувофиқ, дар миён гузошта шуд. Дар ин ҳамоиш таъкид карда шудааст, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон комилан фалаҷ шуда ва барои беҳбуди он «Барномаи беҳтарсозии нақлиёти ҷамъиятӣ» ҳар чӣ зудтар иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG