Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Шӯрои иҷроияи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон


Сафари расмии нахустини Ҳайати Шӯрои иҷроияи Барномаи рушди СММ (ПРООН), Хазинаи СММ (ЮНФПА) ва Дафтари СММ оид ба таъмини Барномаҳо (ЮНОПС) ба Тоҷикистон, аз ошноӣ бо вазъи маводи мухаддир дар ин кишвар шуруъ шуд. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷиистон рӯзи 28-уми июн ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳайати мазкур сафари худро аз Маркази таълимии хадамоти кинологии оғоз карда, ба фаъолияти сагҳои буйгир шинос шуданд. Намояндагони барномаҳои СММ бештар ба сохтори Маркази кинологӣ, аз ҷумла чигуна истифода шудани сагҳои буйгир дар амалиёти зидди маводи мухаддир ва чигуна дар ошкорсозии мухаддирот нақш доштани онҳо таваҷҷуҳ карданд.

Тавре Дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, айни ҳол аз ҷониби барномаҳои СММ ва кишварҳои маблағгузор пешниҳод оид ба таъсис додани Маркази таълимӣ барои бозомӯзии кормандони ниҳодҳои зидди маводи мухадири Афғонистон дар Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Вазифаи Марказ таъмини омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи кинологҳо ва ром кардани сагҳои буйгир, парвариши сагҳои зотӣ, парвариш ва нигоҳ доштани сагҳои хизматӣ, ҳамчунин иштирок дар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирикунанда оид ба ҷилавгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир мебошад

Дар айни замон Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) дар 177 кишвари ҷаҳон дафтарҳо ва намояндагиҳои худро дорад. Намояндагони ҳайати Шӯрои иҷроия ҳар сол танҳо ба 2 кишвари ҷаҳон мераванд. Сафари ҳозираи Шӯрои иҷроияи аввалин маротиба ба Тоҷикистон ва дуюм маротиба ба минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Соли 1997 ҳайати мазкур ба Қирғизистон сафар карда буданд.
XS
SM
MD
LG