Пайвандҳои дастрасӣ

Косово тарафдори беҳбуди равобит бо Сербия аст


 Боздошти эътирозгарон дар назди парламенти Косово (27-уми июни соли 2013)

Боздошти эътирозгарон дар назди парламенти Косово (27-уми июни соли 2013)

Парламенти Косово қарордоди беҳбуди равобит бо Сербияро, ки бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шудааст, тасвиб кард.

Рӯзи панҷшанбе аксари вакилони мардумӣ ба пуштибонӣ аз тасвиби қарордод раъй доданд.

Қабл аз овоздиҳӣ чанд сад нафар аз пайравони ҳизби миллатгарои ашаддӣ бо полис задухӯрд карданд, то аз вуруди вакилон ба толори парламент ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Сафорати ИМА кӯшишҳои “истифодаи хушунат ба хотири мутаваққиф намудани раванди демократиро” маҳкум кард.

Созиш дар моҳи апрел ҳосил шудааст ва имкон медиҳад, ки Сербия музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро оғоз намояд.

Ҳамин гуна ин санад ба Косово роҳро барои музокироти мақоми нозир дар Иттиҳодияи Аврупо боз мекунад.
XS
SM
MD
LG