Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои "гузориш аз болои китфи осебдида"


Амалиёти наҷотбахшии осебдидаҳо
Амалиёти наҷотбахшии осебдидаҳо
Хабарнигори телевизиони News Express-и Ҳиндустон Нарайан Паргайен баъд аз як навор дар бораи обхезӣ дар шимоли кишвар ба сафи бекорон пайваст. Дар ин навор хабарнигор дар соҳили рудхона ва аммо болои китфҳои яке аз осебдидагон нишаста гузориш додааст. Ёдовар мешавем, бар асари обхезӣ ва ярч дар шимоли Ҳиндустон беш аз 800 нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо ҳазор нафар бехонумон шуданд.

Баъд аз нашри гузориш дар интернет ба сари хабарнигор борони танқид ва қаҳру ғазаб рехт ва ҳама кори Нарайанро ғайрибашарӣ мехонданд. Масъулини News Express ҳам ин тарзи гузоришдиҳии хабарнигорро маҳкум карда, барои аз кор рондани ӯ тасмим гирифтанд. Ҳамзамон онҳо изҳор намуданд, ки гузориши Нарайан пахш нашудааст ва онҳо ҳанӯз намедонанд, онро кӣ дар интернет ҷой кардааст.
XS
SM
MD
LG