Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони қирғиз зидди омбудсмен қиём карданд


 Турсунбек Окун

Турсунбек Окун

Парламенти Қирғизистон ба тарафдорӣ аз истеъфои ҳомии варзидаи ҳуқуқи башар аз вазифаи омбудсмен овоз дод.

Рӯзи панҷшанбе бо тақозои комиссияи парламентӣ вакилони мардумии Қирғизистон ба тарафдорӣ аз истеъфои Турсунбек Окун овоз доданд. Аъзои комиссия иддао доранд, ки Окун моҳи апрел дар раҳоии пеш аз мӯҳлати пешвои гурӯҳи ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндон нақш дошдааст.

Ҳамчунон комиссия исрор варзид, ки идораи омбудсмен ба камбудиҳои молӣ роҳ додааст. Рӯзи панҷшанбе ҳангоми танаффус вазти саломатии Окун бад шуда ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Окун дар моҳи феврали соли 2008-ум аз тарафи президенти онвақтаи қирғиз Қурмонбек Боқиев ба вазифаи омбудсмен пешбарӣ шуда буд.

Пеш аз он ӯ раиси комиссияи ҳуқуқи башари назди идораи раёсатҷумҳурии Қирғизистон буд.
XS
SM
MD
LG