Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Мандела нигаронкунанда боқӣ мемонад


Вазъи саломатии аввалин президенти сияҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела дар шифохонаи шаҳри Претория ҳамоно нигаронкунанда аст.

Рӯзи панҷшанбе баъди зиёрат аз шифохона духтари ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел-Маказиве гуфт, “ман дурӯғ намегӯям. Хушбин нестам.”

Вале ин хонум илова кард, ки Манделаи 94-сола дар қайди ҳаёт аст ва вақте ӯ аз дасти падараш гирифтааст, Мандела эҳсос нишон додааст.

Мандела дар ибтидои моҳи равон бо бемории шуш ба шифохона интиқол ёфт. Рӯзи якшанбе вазъи саломатии ӯ бадтар шуд ва президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума сафараш ба хориҷаро лағв кард.

Мандела, ки аз ҳомиёни барҷастаи ҳуқуқи башар ба шумор меравад, барои 27 сол зиндонӣ шудааст.

Рӯзи панҷшанбе дар Сенегал президенти ИМА Барак Обама гуфт, Мандела барои аҳли олам қаҳрамон аст ва мероси ӯ барои наслҳо боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG