Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доббинс: ИМА аз "Толибон" интизори зиёд надорад


Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистону Покистон ҳушдор дод, ки бо вуҷуди имкони шурӯи музокирот бо “Толибон”, хушунат дар Афғонистон идома хоҳад кард. Ҷеймс Доббинс рӯзи панҷшанбе аснои сафар ба Ҳиндустон гуфт, ки ҳукумати ИМА аз ин гуфтушунид интизороти зиёд надорад. Ба гуфтаи Доббинс, ӯ идомаи ҳамлаҳои мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Кобул ба хотири қавитар кардани мавқеи "Толибон"-ро чашмдор буд. Дипломати воломақоми амрикоӣ шарти аслии пешгузоштаи вазири умури хориҷӣ Ҷлн Керриро такрор намуд, ки ҳама гуна созиш бо “Толибон” фақат баъд аз хатми ҷанг мумкин аст.

Ҷеймс Доббинс мақомоти Ҳиндустонро бо авзоъ дар Афғонистон ошно кард.

Аз ин пеш Кохи Сафед хабар дод, ки Барак Обама ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз баргузории музокирот бо намояндагони Толибон дар дафтари сиёсии онҳо дар Қатар пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG