Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Умед 88" дар Рӯзи Ваҳдат бензинро арзон кард


Ширкати таъминкунандаи маводи сӯхти «Умед 88» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ қимати бензин, солярка ва газро 20 дирам арзон кард. Раиси Дафтари матбуоти ширкати «Умед 88» Муҳаббатшо Баллаев рӯзи 27-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз субҳи барвақт бо коҳиши 20 дирам ҳамаи навъҳои маводи сӯхт ба фурӯш гузошта шудааст: «Агар дирӯз нархи бензини навъи «92» 6 сомониву 10 дирам буд, мо дар ивази як литр 5 сомониву 90 дирам ва газ, ки дирӯз 3,10 дирам буд мо ин субҳ 2 сомониву 90 дирам пешкаш кардем.»

Оқои Баллаев афзуд, ки ин таҷрибаро аслан аз кишварҳои Аврупо андӯхтаанд ва тайи ду соли ахир дар ҳамаи идҳои миллӣ то чанд дарсади нархи маводи сӯхтро арзонтар ба фурӯш мегузоранд: «Мо мехоҳем нахустин шуда ин таҷрибаро густариш диҳем, зеро ин фарҳанги тиҷорат аст ва агар ҳама инро дастгирӣ кунад, ба манфиати ҷомеа мебошад.»

Вақте хабарнигори "Озодӣ" аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти «Газпромнефт», ки воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон мебошад дидан намуд, нархи як литр бензини навъи 92, 6сомониву 20 дирам ва газ 3 сомониву 10 дирам буд.
XS
SM
MD
LG