Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми чоршанбе, 26-уми июн, дар бозии даври дувуми мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ССКА “Помир” бар “Кӯктош-С” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳузури 4000 мухлис барпо гардид. Голҳои ССКА «Помир»-ро ба дарвозаи дастаи пешсафи лигаи аввал - “Кӯктош-С”-и ноҳияи Рӯдакӣ Фаррухи Муҳаббатшо ва Шуҷоат Неъматов заданд. Ба ин тартиб ССКА «Помир» аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад, чаҳор даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доранд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад. Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар даври севуми мусобиқаи минтақавӣ шоми панҷшанбе, 27-уми июн, дастаҳои “Кӯктош-С” ва «Истиқлол» вориди рақобат мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. ССКА «Помир» 2 2 0 0 5-0 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 5-2 4
3. «Истиқлол» 2 0 1 1 0-3 1
4. «Кӯктош-С» 2 0 0 2 2-7 0

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ.
Минтақаи Душанбе.

Даври 1-ум
23-юми июн (якшанбе)
«Кӯктош-С» - «Хайр» - 2:5
24-уми июн (душанбе)
«Истиқлол» - ССКА «Помир» - 0:3
Даври 2-юм
25-уми июн (сешанбе)
«Хайр» - «Истиқлол» - 0:0
26-уми июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Кӯктош-С» - 2:0
Даври 3-юм
27-уми июн (панҷшанбе)
«Кӯктош-С» - «Истиқлол»
28-уми июн (ҷумъа)
«Хайр» - ССКА «Помир»
Оғози бозиҳо - соати 18:00

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG