Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи 9 сенатори амрикоӣ ба раиси ҷумҳури Узбакистон


Ислом Каримов

Ислом Каримов

12 сенатори Амрико аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон хостанд, ки “фаврӣ ва бидуни чуну чаро” ду рӯзноманигор ва як ҳомии ҳуқуқи башарро аз зиндон раҳо кунад. Ҷонибдорони онҳо мегӯянд, ки давлати Ислом Каримов онҳоро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ва корашон ба зиндон андохтааст.

Дар номаи худ қонунгузорони Амрико гуфтаанд, ки раҳоии рӯзноманигорон Солиҷон Абдураҳмонов ва Дилмурод Саидов ва вакили мудофеъ Акрам Турғунов дар оянда “моҳияти муносиботи дуҷонибаро таъйин хоҳад кард”.

Сенаторҳо ҳамчунин дар бораи вазъи саломатии ин афрод маълумот хостаанд. Созмони Рӯзноманигорони бидуни марз ё Reporters Without Borders низ бори дигар раҳоии Абдураҳмоновро тақозо кардааст ва гуфтааст, ки “вай зери хатари бузург” қарор дорад. Ин созмон ҳамчунин раҳоии 9 рӯзноманигори дигарро тақозо кардааст. Онҳо низ барои фаъолиятҳои рӯзноманигории худ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG