Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Амрико манъи издивоҷи ҳамҷинсгароёнро беэътибор донист


Додгоҳи Олии Амрико қонунеро, ки издивоҷи ҳамҷинсгароёнро мамнуъ мекунад, беэътибор эълон кард. Акнун ҳамҷинсгароён метавонанд бо якдигар издивоҷ кунанд. Издивоҷи ҳамҷинсгароёнро дар 12 аёлати Амрико ва дар Вашингтон иҷоза додаанд.

Аз 9 нафар аъзои додгоҳ 5 нафар ба ҷонибдорӣ ва 4 нафари дигар бар зидди ин қонун рай доданд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ин тамим истиқбол кард ва онро “иштибоҳи дуруст” номид, дар ҳоле, ки бисёре аз қонунгузорони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бар зидди ин тасмим эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG