Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Ходорковскийро дар Маскав боздошт карданд


Сайру гашти ҷонибдорони Ходорковский

Сайру гашти ҷонибдорони Ходорковский

Дар хиёбони Арбати Маскав бештар аз 40 нафар ҷонибдорони Михаил Ходорковский боздошт шудаанд. Онҳо ба муносибати 50 солагии Ходорковский раҳпаймоӣ анҷом додаанд. Пулис ин рафтори онҳоро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст.

Қабл аз оғози раҳпаймоӣ ё он гуна, ки худи онҳо мегӯянд, “сайру гашт”, тазоҳуроти ҳамоҳангшуда баргузор шудааст. Торнамои Михаил Ходорковский рӯзи чаҳоршанбе соҳибҷашнро ба муносибати 50 солагиаш табрик кардааст. Вале ба ин торнамо ҳамлаи компютерӣ сурат гирифтааст ва он барои баъзе шаҳрвандони Русия ва хориҷӣ дастнорас буд.

Ходорковский-раҳбари пешини ширкати нафтии ЮКОС 10 сол аст барои ихтилофоти молӣ дар зиндон қарор дорад
XS
SM
MD
LG