Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои "Сомонэйр" дубора дар Душанбе фуруд омад


Бино ба хабари ИНТЕРФАКС-и Русия, ҳавопаймои Boeing 737-900-и ширкати “Сомонэйр”-и Тоҷикистон бо 173 сарнишин, ки субҳи чаҳоршанбе аз Душанбе ба сӯи Маскав парвоз мекард, ба сабаби баста нашудани чархҳояш ба фурудгоҳи Душанбе баргашт. Дар ин бора Алишер Рустамов-муовини раиси фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ҳавопаймо чанд соат дар осмони Душанбе чарх задааст, то керосини худро сӯхта тамом кунад. Сипас бо муваффақият ба замин нишастааст. Алишер Рустамов мегӯяд, баъд аз фуруд мусофирон ба ҳавопаймои дигар нишастаанд ва ба Маскав парвоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG