Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рӯзи ваҳдат 64 ҷуфтро хонадор мекунанд


Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрдорӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдат шоми 26 июн маросими хатнасӯри 221 кӯдак баргузор мешавад, ки то соати 22 дар Боғи пойтахт идома пайдо мекунад. Ҳамин тавр, қарор аст, рӯзи 27 июн, пас аз мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар «Душанбе – Плаза» тӯйи хонадоршавии 64 ҷуфт баргузор гардад. Шавкат Саидов афзуд, бегоҳи рӯзи 27 июн дар Наврӯзгоҳи Душанбе як барномаи бузурги тафреҳӣ низ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG