Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон тавони ҳарбиашро бештар мекунад


Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, то замони ҳал шудани низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ бо Арманистон, кишвараш тавони низомиашро мустаҳкамтар хоҳад кард. Алиев рӯзи чаҳоршанбе, дар ҷараёни паради ҳарбӣ дар Боку гуфт, буҷаи низомии Озарбойҷон, ки дар соли 2003 ба 163 миллион доллар буд, акнун ба 3,7 миллиард баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раисҷуҳмури Озарбойҷон, тамоми буҷаи миллии Арманистон аз 2 миллиард иборат аст. Вазири дифоъи Арманистон Сейран Оҳаниён рӯзи чаҳоршанбе дар Ереван гуфт, ки таҳким ёфтани нирӯи низомии Озарбойҷон, кишвари ӯро нагрон кардааст. Оҳаниён ба аҳамияти бузурги “равобити Арманистону Русия” таъкид кард ва гуфт, ки Ереван ба “мусобиқаи минтақавии мусаллаҳшавӣ” ҳамроҳ нахоҳад шуд. Арманистону Озарбойҷон ду даҳсола боз ворди баҳси Қарабоғи Кӯҳӣ, як минтақаи арманинишини Озарбойҷон шудаанд, ки ҳоло таҳти назорати Ереван қарор дорад.
XS
SM
MD
LG