Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 сол ҳукми зиндони додситони собиқи Шӯрообод


Додгоҳи ҳарбии Тоҷикистон Ғиёсиддин Умаров, собиқ додситони ноҳияи Шӯроободро барои 7 сол равонаи зиндон кардааст. Охири соли гузашта Ғиёсиддин Умаров аз ҷониби мақомоти Ожонси зидди фасод бо иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори 3 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт шуда буд. Нафаре, ки ба гуфтаи мақомоти Ожонс, додситон аз ӯ пора гирифтааст, бо гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Кӯлоб қарор доштааст. Мақомот изҳор доштанд, ки Умаров ҳангоми талаби пора ваъда кардааст, ки дар сабуктар кардани ҳукуми додгоҳ нисбат ба ин боздоштшуда кумак хоҳад кард. Аммо ӯ ҳангоми гирифтани пора дар назди маҳбаси Кӯлоб боздошт мешавад.
Ғиёсиддин Умаров 36 сол дорад ва се сол дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ба ҳайси додситон фаъолият кардааст. Афроде, ки бо ӯ шиносоӣ доранд, Умаровро «як ҷавони донишманд ва беҳтарин мутахассиси касби худ» ва боздошти ӯро иштибоҳ мехонанд. Вале мақомот мегӯянд, иттиҳоми порагирии додситони собиқ дар додгоҳ собит шуд.
XS
SM
MD
LG