Пайвандҳои дастрасӣ

"Онҳо - худашон, мо - худамон." Ду тарафи сулҳ рӯзи сулҳро ҷудо ҷашн мегиранд


Муҳаммадҷони Нурӣ

Муҳаммадҷони Нурӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон, рӯзи 26 июн бахшида ба Рӯзи ваҳдат ҳамоиши вижае барпо кард.


Ин ҳамоиш дар толори қароргоҳи марказии ин ташаккули умдаи мухолифин дар Душанбе бо ширкати намояндагони ин ташаккули сиёсии мухолиф ва сиёсатмадорону таҳлилгарони сиёсӣ доир шуд.

Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси созмони душанбегии Ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) дар ҳамоиши ин ҳизб ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфтааст, ки тарафҳои сулҳ тайи ин чанд соли ахир Рӯзи ваҳдатро ба таври худ ва ҷудогона таҷлил мекунанд.




Фарзанди асосгузори фақиди ҲНИТ Саид Абдулоҳи Нурӣ, нафаре ки дар баробари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар созишномаи сулҳ аз номи мухолифин имзо карда буд, дар суханронии худ аз чунин бархӯрди ҷониби ҳукумат ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва нодидагирии ҷониби дигари сулҳ изҳори норозигӣ кард: «Дар чунин шароит чӣ гуна мешавад дар бораи сулҳи миллӣ сӯҳбат кунанд, ки тамоми инони кишвар дар дасти як ҳизб қарор дошта ва ҳатто масалан ҲНИТ ҳаққи як толор барои баргузории нишастҳои худро надорад?»

Ба назари оқои Нурӣ, таҷлили аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳам ба ҳадде расида, ки ҷониби ҳукумат ишора мекунад, ки «онҳо - худашон ва мо - худамон» таҷлил мекунем. «Ҳоло насли ҷавон аз наҳваи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамин гуна бардошт карда истодааст ва маънои ваҳдатро чунин мепиндорад,» - меафзояд Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси созмони душанбегии ҲНИТ.

Вай ҳамчунин ишора кард, ки ҷониби ҳукумат ваҳдат ва ба созиши миллиро якҷониба шарҳу тавзеҳ дода, саҳми тарафи дигари сулҳро нодида мегирад.


Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Аксари намояндагони ҲНИТ дар ин ҳамоиш аз тарзи бархӯрди мақомот нисбат ба ин ташаккул ба унвони яке аз тарафҳои сулҳ изҳори норозигӣ карданд. Саидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИТ дар парлумони Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз «протоколи 32 20» таъкид кард, ки таъқиби ҳизби наҳзат ва маҳдуд сохтани фаъолияти бахшҳои он дар навоҳии кишвар арзиши сулҳ ва ваҳдати миллиро дар ҷомеа камранг мекунад.

Аммо намояндагони ҲНИТ боз ҳам тарафдорони худро ба тамкину таҳаммул ва азхудгузаштагӣ ба хотири осоиш ва суботи кишвар даъват кардаанд.

27 июн дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди имзои созишномаи сулҳе, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида, ба ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ хотима гузошт, Рӯзи ваҳдат эълон шудааст.


Рӯзи ваҳдат дар ҲНИТ

Рӯзи ваҳдат дар ҲНИТ

Бино ба ҳисобҳо, тайи 5 соли ҷанги Тоҷикистон тақрибан 60 000 нафар кушта шуда, тақрибан 1 миллион нафар беҷо шуданд. Тақрибан 25 000 зан аз шавҳари худ маҳрум шуда, 53 0000 кӯдак ятим монд. Дар маҷмӯъ беш аз 35 000 манзилу корхона дар солҳои даргириҳо дар Тоҷикистон тахриб ё ба коми оташ кашонда шуд. Ҷамъи хисороти расида ба иқтисоди Тоҷикистон дар тӯли ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992- 1997-ро ҳудуди 10 миллиард доллар тахмин мезананд. Тоҷикистон баъди ин ҷанг ба фақиртарин кишвари пасошӯравӣ табдил ёфт.

Созишномаи сулҳи тоҷиконро дар таърихи 27 июни соли 1997 дар «Президент-отел»-и Маскав аз тарафи давлат раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва аз тарафи мухолифин раҳбари Иттиҳоди вақти мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расонданд. Тибқи ин созишнома, давлат розӣ шуд, 30 дарсади ҳукуматро ба мухолифин дода, нирӯҳои онҳоро ба артиши давлатӣ истихдом кунад. Ба хотири назорати раванди иҷрои созишномаи сулҳ як Куммиссиюни оштии миллӣ бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва бо намояндагии баробари тарафҳои сулҳ таъсис ёфт, ки то моҳи марти соли 2001 амал кард.

Вале тарафдорони мухолифин мегӯянд, ки ҷониби давлат ба тамоми ваъдаҳои худ дар чорчӯби қарордоди сулҳ амал накард ва мухолифинро батадриҷ аз саҳна ба ҳошия ронд. Ба ҳадде ки тайи чанд соли охир, ба гуфтаи Муҳаммадҷони Нурӣ, ҳатто Рӯзи ваҳдати миллиро ҷониби давлат алоҳида ва мухолифин алоҳида таҷлил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG