Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати туркӣ мехоҳад бо тоҷикон ҳамкорӣ кунад.


Ширкати туркии VENDEKA Group, ки бо рушди фанновариҳои соҳаи мухобирот машғул аст, омодааст дар Душанбе идораи худро боз намояд.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Туркия Субҳон Қурбонов гуфтааст, ки зимни зиёрат аз Тоҷикистон намояндаи ин ширкати туркӣ бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯҳо доштааст.

Хабаргузории Азияи плюс навиштааст, ки VENDEKA Group бо ширкати Innovative Road Solutions LTD, ки назорати роҳи пулакии Душанбе-Чаноқро бар дӯш дорад, имкони тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи ҳамин манбаъ ширкати ёдшуда мехоҳад таҷҳизоти гузаргоҳҳои ширкати IRS-ро бар ӯҳда гирад.
XS
SM
MD
LG