Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ шаби чоршанбе, 26-уми июн ба Кореяи Ҷанубӣ сафар карданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт, “дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июл дар шаҳри Инчҳони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат хоҳанд кард. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 23 варзишгар дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт
Муҳаммадшо Абдуллоев (аз рост)

Муҳаммадшо Абдуллоев (аз рост)

(варзиши электронӣ) намояндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо ду бонуи варзишгар - Зӯҳро Холова ва Ганҷина Ҳабибуллоева ҳастанд, ки дар риштаи кикбоксинг ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки маблағи хароҷот барои ғизо ва ҷойи зисти варзишгарон дар ду намуд – гуштии кураш ва кикбоксинг аз ҳисоби Шӯрои олимпии Осиё мебошад. Дар ду намуди дигар маблағи хароҷот ба зиммаи сарпарастон ва федератсияҳои миллии варзишист. Маросими кушоиши ботантанаи бозиҳо 29-уми июн дар шаҳри Инчҳон, дар варзишгоҳи Samsan World Gymnasium баргузор мешавад.”



Бояд тазаккур дод, аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида моҳи ноябри соли 2005 дар Бангкок (Тайланд), Бозиҳои дувум тирамоҳи соли 2007 дар Макао (Чин) ва Бозиҳои севум тирамоҳи соли 2009 дар Ханой (Вйетнам) баргузор шуда буданд. Худи ҳамон сол дар бораи баргузории Бозиҳои муттаҳида дар иншооти сарпӯшида оид ба ҳунарҳои размӣ низ тасмим гирифта шуд.

Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Ишқободи Туркманистон баргузор хоҳанд шуд. Бояд гуфт, дар ин бозиҳо намудҳое, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил нестанд, шомиланд.

Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки соли 2009 дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой бо ширкати беш аз дуним ҳазор варзишгари 43 кишвари қора тӯли даҳ рӯз идома кард, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Чин ба анҷом расида буд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони 34 кишвар бо медалҳо сарфароз шуданд. Дастаи ғолиб - мунтахаби Чин 48 медали тилло, 25 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст овард. Тими мизбон – Вйетнам бо касби 42 медали тилло, 30 нуқра ва 22 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дувум шуд. Дастаи мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби 21 медали тилло, 16 нуқра ва 21 биринҷӣ гардид, мақоми севумро касб кард. Байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Тайланд, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Ҳонгконг, Индонезия ва Узбакистон ҷойгир шуданд.

Дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду ришта - гуштии кураш ва футзал ҳунарнамоӣ карда, бо касби як медали нуқра дар ҷои 31-ум қарор гирифт. Ин медалро ба Тоҷикистон Парвиз Собиров, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар риштаи гуштии «кураш» оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Қазоқистон Руслан Абдураззоқов пирӯз шуда, дар даври баъдӣ бар гуштигири Ҷопон Масато Ишизаки ғалаба кард. Вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони Эрон Ҳусейн Ҷомӣ мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG