Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии ҳуқуқ боздошташ дар Узбакистонро шарҳ дод


Толикон Исмоилова

Толикон Исмоилова

Фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон Толикон Исмоилова мегӯяд, ӯро аз сабаби фаъолиятҳои касбиаш дар Узбакистон роҳ надоданд.

Раҳбари гурӯҳи “Бир дунё Қирғизистон” хонум Исмоилова рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шуд. Сипас ӯ рӯзи сешанбе ба Алмаато ва аз он ҷо ба Қирғизистон сафар кард.

Рӯзи чоршанбе Исмоилова ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Узбакистон бо ӯро дар рӯйхати сиёҳ ҷой додаанд, зеро ӯ дар соли 2005-ум бо таҳқиқоти амалиёти хунини ҳукумати Узбакистон дар Андиҷон машғул будааст.

Тибқи гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар моҳи маи соли 2005-ум ҳангоми таъқиби эътирозҳои мардумӣ нерӯҳои Узбакистон садҳо шахси осоиштаро ба қатл расонда буданд.
XS
SM
MD
LG