Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ИМА ва Афғонистон сӯҳбат карданд


Рӯзи сешанбе баъди ҳамла болои Қасри президентии Афғонистон дар шаҳри Кобул раҳбарони ИМА ва Афғонистон Барак Обама ва Ҳомиди Карзай дар давоми ду соат тавассути робитаи видео раванди сулҳро баррасӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, ин ҳамла эҳтимол кӯшишҳои ИМА-ро, ки мехоҳад ҳукумати Афғонистон бо Толибон сари мизи музокирот нишинад, бо душворӣ мувоҷеҳ кунад.

Қасри Сафед тброз дошт, ки раҳбарони ду кишвар оштии миллии миёни афғонҳоро баҳс намуда, бори дигар тасдиқ карданд, ки на ИМА, балки Афғонистон сарварии раванди оштиро бар ӯҳда дорад.

Обама ва Карзай ҳамоно тарафдори мулоқоти ҳайати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо намояндагони идораи сиёсии Толибон дар Қатар мебошанд, ки чанде пеш ифтитоҳ ёфтааст.

Маъмурияти президенти ИМА ҳамчунон афзудааст, ки Обама ва Карзай таслими масъулияти амниятӣ бар дӯши сарбозони афғонро, ки ҳафтаи гузашта доир шуда буд ва ниёзмандиҳои ҳукумати Афғонистон барои таъмини интихоботи одилонаи соли 2014-умро арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG