Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби созишномаи қарзӣ дар парлумони Тоҷикистон


Парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзиро байни Тоҷикистон ва Асссосиасияи байналмилии рушд ба хотири беҳбудии бахши энергетикаи кишвар ба тасвиб расонд. Ҳадаф аз ин лоиҳа расонидани кӯмак дар кам намудани талафоти тиҷоратии нерӯи барқ ва гузоштани замина ҷиҳати беҳбудсозии ҳолати молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" унвон карда мешавад ва 18 миллион долларро дар бар мегирад. Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи созишномаи мазкур дар ҷаласаи навбатии парлумонӣ, рӯзи чоршанбе 26-уми июн гуфт, маблағи аслии лоиҳа ба хотири харидорӣ ва насб намудани ҳисобкунакҳои нерӯи барқу газ ва ҳамчунин таҷҳизотҳои маводи зарурӣ барои шабкаи қувваи барқу гази шаҳри Душанбе равона мешавад.

Дар ҳамин ҳол раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, то ҳоли ҳозир дар манзилҳои сокинони пойтахт 170 ҳазор ҳисобкунакҳои нерӯи барқ насб шуда, боз ба 30 ҳазори дигар ниёз будааст. Абдулло Ёров, раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, барои харидорӣ ва насби ҳисобкунаҳои нерӯи барқ 5 миллион доллар зарурат дорад. Ба таъкиди ҷаноби Ёров, ин маблағ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ, ки дар созишномаи қарзии байни Тоҷикистон ва Асссосиасияи байналмилии рушд нишон дода шудааст, гирифта мешавад.

Дар зимн, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони ба имзо расидани созишномаи мазкурро барои кам кардани талафоти нерӯи барқ дар кишвар муҳим арзёбӣ кард Ӯ ҳамчунин ишора ба он намуд, ки бештари корхонаҳои кишвар бо истифода аз набуди ҳисобкунакҳои барқӣ аз пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ сарпечӣ мекунанд. Ва "Барқи тоҷик" низ бо сабабаи надоштани далел ва ҳисоби дақиқ ин корхонаҳоро ба додгоҳ кашида наметавонад.
XS
SM
MD
LG