Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Карзай: "Раванди сулҳро бояд афғонҳо раҳбарӣ кунанд"


Кохи Сафед аз музокироти сеҷонибаи Амрико, Афғонистон ва Толибон хабар дод.

Кохи Сафед бо интишори баёнияе рӯзи сешанбе эълом кард, ки раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон дар Қатар ҳимоят кардаанд. Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ки ин тасмим дар гуфтугӯи телефонии раҳбарони ду кишвари Афғонистон ва Амрико гирифта шудааст. Тибқи ин баёния, қарор аст музокироти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва намояндагони Толибон дар дафтаре, ки ахиран ин гуруҳ дар Доҳа, пойтахти Қатар таъсис намуд, баргузор шавад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки раиси ҷумҳури Амрико Барак Обам ба Ҳомид Карзай гуфтааст, ки талошҳои сулҳро бояд афғонҳо раҳбарӣ кунанд, на амрикоиҳо. Қасри Сафед меафзояд, ки руасои ҷумҳури ду кишвар дар бораи интиқоли масъулиятҳо ба нерӯҳои афғон ва интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури он кишвар суҳбат карданд. Гуфтугӯи телефонии Обама ва Карзай чанд соат пас аз ҳамлаи Толибон ба Кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон ва маҳали истиқрори нерӯҳои НАТО сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол фиристодаи вижаи Амрико Ҷеймс Доббинс ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар Исломобод мавзӯи шурӯи музокироти сулҳ бо ҷунбиши “Толибон”-ро баррасӣ карданд. Дар изҳороти дафтари нахуствазири Покистон гуфта шудааст, Исломобод Доббинскро мутмаин сохт, ки ба эҳёи сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдор аст. Ҳамчунин ҳукумати Покистон эълом дошт, ки аз музокироти сулҳ бо ширкати ҳукумати Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

Ҷеймс Доббинс баъд аз анҷоми музокирот дар Қатар ва Афғонистон вориди Покистон шуд. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки Исломобод метавонад дар мутмаин сохтани толибони афғон барои нишастан сари мизи музокирот нақши муҳим бозад. Покистон яке аз се кишваре буд, ки солҳои 90-уми қарни гузашта режими Толибонро ба расмият шинохтанд. Толибон баъд аз суқути режимашон дар Кобул дар қаламрави Покистон панаҳ ёфта буданд.
XS
SM
MD
LG