Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи наҷотбахшон дар шимоли Ҳиндустон


Дар шимоли Ҳиндустон бар сари суқути як чархболи нерӯҳои наҷотбахшӣ 8 нафар, аз ҷумла, панҷ сарнишин ба ҳалокат расиданд.Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, чархбол барои маросими дафни қурбониёни обхезии ахир чӯб мебурд ва бояд ҳангоми бозгашт гурӯҳе аз афроди аз офати табиӣ наҷотёфта, асосан зоийрон ва сайёҳонро, ба минтақаи амн мебурд.

Бар асари обхезиву ярчи ҳафтаи гузашта дар аёлати Уттаракханди Ҳиндустон 680 нафар ба ҳалокат расиданд ва мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки шояд шумораи қурбониён аз ҳазор нафар бештар бошад. Барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ ҳазорон низомиён сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG